Забон: tj тоҷикӣ  |  ru русский

ДАР БОРАИ ШИРКАТ

КХ «Бахор» – ширкати устувор ва дар ҳоли рушдкунӣ мебошад.

Ҳоло ширкати КХ «Бахор» ба радифи сегонаи ширкатҳои истеҳсоли навъи гуногуни хасиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҳсулоти ширкати мо дар тамоми минтақаҳо ва вилоятҳои кищвар ва хориҷ аз он содирот карда мешавад.

истеҳсол
Натиҷаи фаъолияти кори бисёрсола ва бовари бо харидорон далели он аст, ки маҳсулоти мо босифат ва харидорони худро дорад. Ҳадафи мо ҳамкорӣ, тақвият додани фаъолияти ширкат ва рушди он мебошад. Мо натанҳо сифати аъло доштани маҳсулотамонро кафолат медиҳем, балки барои саривақтии он низ кӯшиш менамоем. Давоми 7 сол мешавад, ки коркарди гушти ширкати «Бахор» бовари ва эътимоди сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст надодааст. Мо хасибҳоро бо роҳи буғи ва дудкардашуда аз маҳсулоти табиӣ омода мекунем.





истеҳсол
Навъҳои хасибҳои ширкати «Бахор» бо талабу дархости мизоҷон ҳамавақт зиёд карда мешавад. Мо дар бораи фаъолияти корӣ дар истеҳсоли хасиб, бо таҷҳизоти замонавӣ фаъолият мекунем. Ҳамчунин мо мунтазам аз рӯи сифати маҳсулоте, ки аз он хасиб истеҳсол карда мешавад, назорат мекунем. Барои мо ин меъёр аст аз рӯи талаботи истеъмолкунандагон маҳсулоти ширкатро ғанӣ менамоем.










Ҳадафи мо:
Мо ба сокинон маҳсулоти нав ва имконияти навро мекушоем, мо боварӣ дорем, ки ҳасиб натанҳо хӯрок аст, балки хушҳолӣ ва самимият дар ҳар хонадон аст. Ин нишони дастовардҳои оила мебошад.

Нақшаҳои мо:
Мо саъю талош дорем, ки соҳаи худро рушд ва боз ҳам комилтар гардонем. Мо сифати маҳсулотро назорат, истеҳсолотро тақвият дода, теъдоди мизоҷони ширкатро боз ҳам зиёд мекунем, то ки навъҳои истеҳсоли хасиби ширкати «Бахор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама серхаридор гардад. Ҳадафи мо пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ бо ғизои солим баҳри зиндагии шоиста ва арзанда мебошад.